12 декабри соли 2022 дар Боку мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран баргузор гардид.
Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, коррупсия, терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.