6 декабри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро вазири тиҷорат ва саноати Давлати Кувайт Мозин Саъд Алӣ ал-Ноҳиз ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.