Мулоқоти сафир бо вазири корҳои хориҷии Индонезия

02.12.2022 14:27

1 декабри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия, Шоҳигарии Таиланд ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди UNESCAP Ардашер Қодириро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия хонум Ретно Марсудӣ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Индонезияро дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати истифодаи имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи ҳамкориҳои ду кишвар изҳор намуданд.

02-12-2022.jpg

Нигористон

Тақвим