1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодзи Лаҳистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии канорӣ бахшида ба мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва амният дар минтақаҳои кӯҳсор”, ки дар ҳошияи ҷаласаи 29-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар минтақа ва Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд.
С. Муҳриддин инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди пиряхҳо ёдовар гардида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо даъват ба амал овард.