1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодз дар ҳошияи иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Юнон Никос Дендиас вохӯрӣ намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.