Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Финландия

01.12.2022 17:53

1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон дар ҳошияи иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Финляндия Пекка Ҳаависто вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия, инчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақвӣ ва обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим