Ворид гардидани номинатсияҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият

01.12.2022 19:30

Аз 28 ноябр то 3 декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО баргузор гардида, дар он номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.

Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки кишвар аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда, қабул гардиданд.

Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияҳои муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" ва "Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин" иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

01,12,2022,17,35.jpg

01.12.2022.19.27.jpg

 

Нигористон

Тақвим