30 ноябри соли 2022 дар маркази матбуотии Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Словения ва созмони «Geneva Water Hub» ташкил гардида, меҳвари он ба баррасии масъалаҳои обу сулҳ ва робитаи онҳо бо Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» равона шуда буд.
Зимни суханронии худ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷамшед Ҳомидов аҳаммияти масъалаи об ва тағирёбии иқлимро таъкид карда, ширкаткунандагон ва намояндагони кишварҳои узвро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд.