Иштироки сафир дар ҷаласаи 38-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC)

29.11.2022 14:11

28 ноябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) иштирок намуд.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон оғоз гардида, дар кори он ҳамчунин намояндагони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, сохторҳои Бонки Исломии Рушд, вазорату идораҳо ва корпуси дипломатии Туркия иштирок намуданд.

Дар ҳошияи ин ҷаласа (COMCEC) сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо роҳбари Корпоратсияи исломӣ оид ба тиҷорат ва молияи Гуруҳи Бонки исломии рушд Хани Салем Сонбол мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои хамкорӣ дар доираи барномаю механизмҳои дастгирии тиҷорат ва молияи корпоратсияи мазкурро баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим