13 ноябри соли 2022 дар Димишқ дар доираи сафари кории сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода мулоқот бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ гардида, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.