Таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” дар Вазорати корҳои хориҷӣ

06.10.2022 14:50

5 октябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷӣ маҳфили тантанавӣ ба муносибати гиромидошти “Рӯзи забони давлатӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ” аз номи роҳбарияти Вазорат самимона табрику таҳният гуфт. Муовини вазир зикр намуд, ки забони тоҷикӣ арзиши бузурги миллӣ, пояи давлатдорӣ, нишонаи равшани истиқлоли сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ӯ махсусан таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба вазифаи роҳбари давлат, барои рушди забони модарӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ заминаҳои устуворро фароҳам оварданд.

Дар идомаи ҷамъомад аз ҷониби кормандони вазорат шеърҳо дар ситоиши забони тоҷикӣ қироат гардиданд.

Аз ҷумла дар чорабинӣ иқтибос аз суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи забон ва навор роҷеъ ба аҳаммият ва гиромидошти забони тоҷикӣ тӯли таърихи миллати тоҷик пешкаши ҳозирин гардид.

Нигористон

Тақвим