Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо

05.10.2022 18:51

5 октябри соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шараф Шерализода бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) ҷаноби Октавиан Бивол баргузор шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла татбиқи Барномаи қолабии Сендай, пайванди офатҳои табиӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мубодилаи афкор карданд.

05,10,2022,18,51.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим