Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Таиланд эътимоднома тақдим намуд

04.10.2022 18:01

3 октябри соли 2022 маросими супоридани эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ, ки қароргоҳаш дар Малайзия мебошад, ба Аълоҳазрат Маҳа Ваҷиралонгкорн Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид.

Сафир салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Подшоҳи Таиланд расонида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Шоҳигарии Таиланд аст.

Подшоҳи Таиланд Аълоҳазрат Маҳа Ваҷиралонгкорн ба сафири аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд барору комёбӣ таманно намуд.

04,10,2022,18,02.jpeg

 

Нигористон

Тақвим