Мулоқоти муовини вазир бо сафири Чехия

04.10.2022 16:25

4 октябри соли 2022  муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватслав Йилекро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чехия ва шарокат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуданд.

04,10,2022.jpg

 

Нигористон

Тақвим