Мулоқот бо муовини Сарвазир, вазири инфрасохтор ва рушди минтақавии Молдова

30.09.2022 11:39

28 сентябри соли 2022 дар ш.Кишинёв, мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо муовини Сарвазир, вазири инфрасохтор ва рушди минтақавии Ҷумҳурии Молдова Андрей Спину сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Молдова мубодилаи афкор намуда, ба мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, таҳким ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ диққати махсус доданд.

 

 

 

Нигористон

Тақвим