ИЗҲОРОТ оид ба идома ёфтани сиёсати таъқибкоронаи Қирғизистон нисбат ба тоҷиктаборон ва шаҳрвандони Тоҷикистон

22.09.2022 14:07

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалатҳои дар қаламрави Қирғизистон мавриди таъқибу таҳдид ва табъизу зулм қарор гирифтани тоҷиктаборон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир тамоюли афзоиш пайдо кардааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

14 сентябри соли 2022 мағозаҳои тоҷикони муқими ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти маҳалӣ баста шуданд. Ҳамчунин, шарҳвандоне, ки аз минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон кучонида шуда буданд, барқасдона дар хонаҳои истиқоматии тоҷиктаборони ноҳияи мазкур ҷой карда шуданд.

18 сентябри соли 2022 кормандони Раёсати КДАМ-и ноҳияи Ленини ш.Бишкек бо баҳонаи санҷиши нақшавии ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои оилаи Негматовҳо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақсади иҷборан аз қаламрави Қирғизистон берун кардан, тасарруф намуданд.

18 сентябри соли 2022 шахсони номаълум оинаҳои автомашинаи шаҳрванди Ҷумҳурии Точикистон Ҳамдамов Амонбойро, ки муваққатан дар шаҳри Бишкек истиқомат мекунад, шикаста, ба он ранг пошиданд.

Тибқи маълумоти дастрас аз сӯи мақомоти қудратии Қирғизистон аз кишвар берун намудани зиёда аз 500 донишҷӯ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ба нақша гирифта шудааст.

Гузашта аз ин, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Қирғизистон фаъолият менамоянд, бо фишору таҳдид талаб карда мешавад, ки барои “кӯмак ба қурбониёни Бодканд” маблағҳои пулӣ ва маводи ғизо супоранд.

Боиси нигаронист, ки шоми 18 сентябри соли 2022 шахси номаълуми сину солаш тақрибан 35 сола бо роҳи зурӣ ва ибрози таҳдиду таҳқир ба Тоҷикистон кушиш намуд, ки ба қароргоҳи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад.

Чунин табъиз нисбат ба тоҷикон дар ҳоле амалӣ мегардад, ки 20 сентябри соли ҷорӣ ВКД Қирғизистон бардуруғона изҳороти паҳннамудаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора, беасос арзёбӣ намуд.

Ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.

Ҷониби Тоҷикистон сиёсати таъқибкоронаро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон натиҷаи дар Қирғизистон ҳукмрон будани маъаракаи таблиғотӣ ҷиҳати дар симои Тоҷикистон тасвир намудани душман арзёбӣ намуда, аз Ҳукумати Қирғизистон талаб мекунанд, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, чораҳои таъхирнопазир андешад.

Тоҷикистон ҳамчунин аз Қирғизистон даъват ба амал меоварад, ки амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва аъзои оилаи онҳо тибқи ӯҳдадориҳои кишвари маҳалли иқомат, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, таъмин карда шавад.

Нигористон

Тақвим