31 августи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар Панели сатҳи баланд оид ба иқлим ва сулҳ дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокҳолм, Шветсия иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи ҳайати кишвар суханронӣ намуда, мавқеи ҷониби моро оид ба масъалаҳои обу иқлим ва муҳити зист баён дошт
Панели сатҳи баланд оид ба иқлим ва сулҳ як платформаи муколама оид ба хатарҳо ва имкониятҳои муштарак барои мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба амнияти инсон мебошад.