Сафорати Тоҷикистон дар Олмон Вебинар вобаста ба муҳити зист ва обу энергетика баргузор намуд

30.08.2022 16:13

29 августи соли 2022 бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK), ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Олмон (DIHK) вебинари маҷозӣ дар мавзӯи “Технологияҳои ҳифзи муҳити зист бо тамаркуз ба гидроэнергетика ва таъмини об” баргузор гардид.

Дар чорабинии фосилавӣ сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳои худ вобаста ба имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ суханронӣ карданд.

Имомудин Сатторов дар суханронии худ таъкид дошт, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳарчи бештари равобит бо Олмон дар самти иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, манбаъҳои энергияи таҷдидпазир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода ҳамчун самтҳои ояндадор дониста мешаванд.

Дипломати тоҷикистонӣ дар фароварди суханронии худ аз иштирокдорон, мақомоти расмӣ ва ширкатҳои бонуфузи олмонӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти зарфиятҳои фаровон дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Маърӯзакунандагон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи барои тарафҳо манфиатовар изҳор доштанд.

Вебинар бо табодули афкори созанда ҳусни анҷом пазируфт. 

30,08,2022,16,17.jpg

30,08,2022,16,18.jpg

Нигористон

Тақвим