Муносибатҳои Тоҷикистон бо Давлати Исроил

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил 26 марти 1992 барқарор гардидаанд.Исроил  истиқлолиҶумҳурииТоҷикистонродар 1991эътирофкардааст.

Аз 21 ноябри 2017 Сафири ғайримуқими Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Шапира таъин гардидааст.

Моҳи октябри 1995 дар рафти ҷашнгирии маросими 50-умин солгарди таъсисёбии СММ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нахуствазири вақти Исроил Исҳоқ Робин баргузор гардид.

17 июни 2006 дар Алмато дар ҳошияи саммити 2-юми Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини сарвазири Давлати Исроил Шимон Перес вохӯрӣ намуд.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил танҳо Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани Машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар 27 феврали 2013 дар Душанбе ба имзо расид.

Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Исроил 25 январи 2016 дар Байтулмуқаддас ва сентябри ҳамон сол дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргзор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳои оид масъалаҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷонибатабодули назар карданд.

Айни замон, дар баррасии ҷонибҳо шаш санади ҳамкорӣқарор доранд.

2-6 июни 2016 сафари расмии Раиси гурўҳи дустии байнипарлумонии Исроилу Тоҷикистон хонум Шаррен Хаскел, узви Кнессети Парлумонии Давлати Исроил Йосиф Йона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафар ҳайати мазкур бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмии кишвар вохӯрӣ намуда, масъалаҳои мавоиди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Дар соли 2018 ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Исроил ба 564,5 ҳаз. долл. ИМА расид. Аз ҷумла, содирот маблағи 18,1 ҳазор долл. ИМА ва воридот маблағи 546,4 ҳазор долл. ИМА-ро ташкил дод.

Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил (МАШАВ) мунтазам дар Исроил давраҳои омӯзиширо баргузор менамояд, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват мешаванд.

Ҳамчунин байни ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ роҳандозӣ шудаанд. Ахиран гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзии Исроил аз Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷумла, дар доираи табодули таҷриба дар 2006 гурӯҳи мутахассисон ва духтурони чашми Исроил ба Тоҷикистон сафар карда, якҷоя бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашм ҷарроҳӣгузарониданд.

01.08. 2019

Нигористон

Тақвим