Муносибатҳои Тоҷикистон бо Алҷазоир

01.03.2013 10:10

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10-уми январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо 10-уми июли соли 1997 роҳандозӣ шудаанд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Акрам Каримӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Риёз (04.02.2025) ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ирки бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд (31.01.2025) таъйин шудаанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон дар Алҷазоир намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқро гузаронидааст.

Дар иншоотҳои ҳамкории шӯравию алҷазоирӣ хатмкардагони шуъбаи арабии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, шуъбаи фаронсавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба сифати тарҷумон кор кардаанд.  

Аз 10-ум то 12-уми марти соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир сафари расмӣ анҷом дод. Баррасии масоили муносибатҳои Тоҷикистону Алҷазоир нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулазиз Бутафлиқа ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб сурат гирифт. Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа 4 санади  муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид.

20.02.2026

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим