29 июли соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Тошканд иштирок кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ бо тамаркуз ба аҳаммияти ҳамкориҳои сиёсӣ дар доираи СҲШ, минбаъд тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби “ҳаштгона”-ро қайд намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кард. Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷӣ аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти Душанбе дар хусуси таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастаҷамъона дар ин самт таъкид кард. Сироҷиддин Муҳриддин зарурати анҷом додани корҳо оид ба руйкардҳои муштаракро ҷиҳати таҳияи феҳристи ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ дар доираи СҲШ, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзо манъ аст, таъкид намуд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (Самарқанд, 15-16 сентябри соли 2022), инчунин лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷиҳати ба имзо расонидан дар натиҷаи саммити дарпешистода пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ намуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, раванди музокиротро оид ба дархости давлатҳо барои касби мақоми узвият дар СҲШ муҳокима карданд. Ҷонибҳо лоиҳаи Эъломияи самарқандии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба баррасии роҳбарони давлатҳо пешниҳодшударо ҳамчун асос қабул карданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Шӯрои вазирон 16 қарор ба имзо расид.
Зимнан, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар арафаи ҷаласа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев ба ҳузур пазируфта шуданд.
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan