Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия 4 августи 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Паулу Жоао Лопешду Регу Визеу Пинейру мебошад. Ӯ эътиборномаи худро 20 ноябри 2019 супурдааст, иқоматгоҳаш дар Москва аст.
9 июли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Португалия Антонио Мартинз да Крузро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ба вазъи минтақа ва хусусан Афғонистон диққати махсус доданд.
16 апрели соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Луиш Амаду ба Тоҷикистон ташриф овард ва мулоқотҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардиданд. Вазирро ҳайати расмӣ иборат аз Сафири Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануел Марселу Курту ва дигар роҳбарони идораҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия ҳамроҳӣ карданд. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчўби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, вазъияти Афғонистон ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи муштарак муҳокима гардид.
8 июни 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Об барои ҳайёт” ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия дар соли 2020 ба 614,8 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки аз он содирот 579,2 ҳазор ва воридот 35,6 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додаанд.
Июн 2022