30 июни соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва роҳбарони корпуси дипломатӣ чорабинӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Чорабиниро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуд.
Зимни суханронӣ ӯ аз нақши барҷастаи Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳаёти босаодати мардуми кишвар ва хидматҳои беназири Сардори давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва суботу пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан ронд.
Барномаи рангини консертии Фирдавс Ҳошимов – ҳофизи шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои дилошуб дар васфи Ваҳдати миллӣ хотири ҳозиринро болида гардонид.