Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо Малайзия

04.07.2022 10:53

30-юми июни соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Куала Лумпур ва Институти дипломатия ва муносибибатҳои хориҷии назди Вазорати корҳои хориҷии Малайзия (IDFR) Симпозиум бахшида ба 30 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Меҳвари нави рушд” бо барномаи фарҳангӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Малайзия баргузор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Камарудин Ҷафар ба Симпозиум ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар кори он сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, кормандони аршади Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва муҳаққиқону донишмандони Малайзия дар бораи муносибатҳои дипломатӣ, дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва роҳҳои ояндаи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳокима намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар А. Қодирӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими равобити дӯстона бо Малайзия аҳамияти хоса дода, ҳамкориҳоро бо Малайзия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонад ва Малайзия ҳамчун кишвари дӯст ва шарики боэътимод дар минтақаи босуръат рушдёбандаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки Тоҷикистон метавонад нақши як дарвозаи боз барои роҳандозии тиҷорати Малайзия дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя бошад ва дар навбати худ Малайзия барои Тоҷикистон метавонад пайвандгар бо кишварҳои АСЕАН бошад.

Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо рақсу сурудҳои миллӣ, намоишгоҳи маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, аксҳо ва дигар маълумотҳо ба маъраз гузошта шуданд.

cdsfgrfgefrgfdgfdvxcvsdgfdfghfg.jpg

04,07,2022,10,40.jpg

04,07,2022,10,39.jpg

Нигористон

Тақвим