Вохӯрӣ бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ

20.06.2022 18:25

20 июни соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор намуданд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

20,06,2022,18,25.jpg

 

Нигористон

Тақвим