Иштирок дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар Донишгоҳи ADA-и шаҳри Боку

18.06.2022 10:26

17 июни соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку бо ташаббуси Академияи дипломатии Озарбойҷон (Донишгоҳи ADA) дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар Фестивали мазкур сафоратҳои муқими кишвари иқомат ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд. 

Дар ҳошияи ин чорабинӣ, таърихи ғании халқи тоҷик, фарҳанг, санъат, эҷодиёт, мусиқӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ, таомҳои миллии тоҷикон, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намо гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим