Вохӯрӣ бо Раиси Палатаи савдои Истанбул

16.06.2022 13:52

15 июни соли 2022 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул М. Саидзода бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.

Дар ин росто, дар бораи аҳамияти ҷалби сармоягузорони Туркия ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим