Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон

14.06.2022 16:01

Аз 9 то 14 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар рафти музокирот масоили гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Дар поёни нишаст протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо мегардад.

Нигористон

Тақвим