9 июни соли 2022 дар шаҳри Боку даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халаф Халафов роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиётӣ, фарҳангӣ ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гузашта аз ин, роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни иҷрои тадбирҳои марбут ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ намуданд.