8 сентябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сян Чжунро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Чин дар партави татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки миёни раҳбарони ду кишвар 2 сентябри соли ҷорӣ дар Пекин ҳосил шуданд ва инчунин таҳкими муҳовараи сиёсӣ ва фаъолтар намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.