Ҷаласаи муштараки Кумитаи байналмилалии машваратӣ ва Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

07.06.2022 15:00

6 июни соли 2022 таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Кумитаи байналмилалии машваратӣ ва Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа лоиҳаи санади ниҳоии конфронс — Эъломияи Душанбе такмил дода шуд.

Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба аъзои Кумита барои дастгирӣ ва саҳми бебаҳояшон дар раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе изҳори сипос намуд.

 

Нигористон

Тақвим