Вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон

07.06.2022 17:49

6 июни соли 2022 дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелова баргузор шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин росто, муҳиммияти дастгирӣ ва густариши равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар чаҳорчӯби абзорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.

Муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳаммияти нигоҳ доштани муколамаи созандаро дар ҳалли масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба қайд намуданд.

Нигористон

Тақвим