Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE)

06.06.2022 20:06

6 июни соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) хонум Олга Алгаерова, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо UNECE дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин  масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим