Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ Виргиниюс Синкявичюс

06.06.2022 18:15

6 июни соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист, уқёнусҳо ва моҳидорӣ Виргиниюс Синкявичюс, Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала ва Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Марета Ягер, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд.

Зимни дидор ҳамсӯҳбатон дар баробари ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба рӯзномаи ҷаҳонии об, ҳамчунин дар бобати ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.

Нигористон

Тақвим