Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли бунёди Форуми Иқтисодии Ҷаҳонии Исломӣ

06.06.2022 17:51

6 июни соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Бунёди Форуми Иқтисодии Ҷаҳонии Исломӣ Тан Сри Моҳд Радзӣ Абдул Раҳмон, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Бунёди Форуми Иқтисодии Исломӣ ва имкони баргузории Анҷумани солонаи Бунёди ҷаҳонии иқтисодии исломӣ дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Дар фарҷоми нишаст ҳамсуҳбатон аз зарурати ҳамкорӣ оид ба ҷалби имкониятҳои Бунёди Форуми Иқтисодии Исломӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, сайёҳӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика ва ғайра таъкид намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Бунёди Форуми Иқтисодии Ҷаҳонии Исломӣ платформаи иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ба ин васила имкониятҳои иқтисодии ҷаҳони исломро муаррифӣ мекунад, ҳамкориҳои шарикӣ ва табодули донишро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшад.

Нигористон

Тақвим