Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба умури парлумонии Ҷопон

06.06.2022 17:09

6 июни соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба умури парлумонии Ҷопон ҷаноби Таро Хонда, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, байнипарлумонӣ, фарҳангӣ, роҳҳои рушду таҳкими онҳо дар ҳошияи Муколамаи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, инчунин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.

 

Нигористон

Тақвим