Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

06.06.2022 17:06

6 июни соли 2022 дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои иқтисоидӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женминро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштараки минбаъдаро баррасӣ намуданд.

Муовини дабири кулл инчунин миннатдории худро барои даъват ҷиҳати иштирок дар Конфронси Душанбе баён намуд.

Нигористон

Тақвим