Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об дар маҷаллаи "Trends"

06.06.2022 14:20

Дар шумораи панҷуми маҷаллаи маъруфи англисизабони «Trends» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) мақолае таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» ба нашр расид, ки он ба ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об бахшида шудааст.

Дар мақола чор ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст.

Дар хулосаи мақола, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба нашр расидааст, зикр шудааст, ки ташаббусҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин менамоянд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим