Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи вежаи дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ

05.06.2022 19:22

4 июни соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти рафъи мушкилоту низоъҳо, таҳкими сарҳади давлатӣ, таъмини амнияти фаромиллӣ, пойдории сулҳ ва рушди устувор дар минтақа табодули афкор намуданд. Дар фарҷоми нишаст ҳамсуҳбатон аз сатҳи мушорикат дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

1-Foreign-Minister-and-Head-of-UNRCCA-1.jpg

1-Foreign-Minister-and-Head-of-UNRCCA-2.jpg1-Foreign-Minister-and-Head-of-UNRCCA-3.jpg

Нигористон

Тақвим