Таҷлили солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ

04.06.2022 17:51

4 июни соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар остонаи ҷашнгирии 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳимми сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ вохӯрӣ бо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистонии муқими Туркия баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов зимни суханронии худ аҳаммияти таърихии Иҷлосияи мазкурро беназир дониста, қайд кард, ки он рӯйдоди муҳим тавонист тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад ва барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллии тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина гузорад.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваи тавоное бахшида, ҷиҳати таҳкими суботу осоиштагӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум асос гузошт ва барои рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаётии кишвар шароити заруриро фароҳам овард.

Дар чорабинӣ барои ҳозирин лавҳаи ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳо, расмҳо ва филми мустанад дар бораи Иҷлосияи сарнавиштсоз намоиш дода шуд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Нигористон

Тақвим