Дар Душанбе фестивали об баргузор мегардад

04.06.2022 17:52

6 июни соли 2022 дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад. Ин ҷашни об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд.

Фестивал дар чорчубаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ташкил карда мешавад.

Фестивали оби Душанбе аз панҷ бахш иборат буда, дар барномаи Фестивал намоиши ҳунарҳо ва эҷодиёти мардумӣ, намоишгоҳи таомҳои миллии тоҷикон, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзидаи санъати кишвар, намоиши муди либосхои миллии точикӣ ва дигар барномаҳои намоишӣ пешбини шудаанд.

Ҳадафи аслии фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи арзиши об ҳамчун манбаи ҳаётан муҳим, эҳтиром ба ва ҳифзи он барои наслҳои оянда хоҳад буд. Фестивал дар баробари паёмҳои мусбӣ, мушкилотҳои мавҷуд буда ва зарурати сафарбар кардани саъю кӯшишро барои рафъи онҳо нишон медиҳад.

Ҳадафи дигари ин ҷашнвора намоиши сиёсат ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешсаф дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конфронси оби СММ, ки соли 2023 таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад мебошад.

Фестивал аз соати 18:30 то 21:00 идома ёфта, ба меҳмонон-иштирокчиёни конфронс имкони хуб фароҳам меорад, ки бо таърих, фарҳанг, санъат, анъанаҳои мардуми тоҷик ошно шаванд ва ҳамзамон вақтхушиҳои гуворо дар сафои дустона ва идона дошта башанд.

Нигористон

Тақвим