Тибқи Нақша-чорабинӣ барои соли 2022 аз 25 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.