Институти ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ барои интихоби директори муассисаи мазкур озмун эълон мекунад

25.05.2022 20:44

ЭЪЛОН

Институти ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (минбаъд Институти СAREC) барои интихоби директори муассисаи мазкур озмун эълон кардааст.

Талаботи асосӣ барои номзадон ҷиҳати иштирок дар озмун барои ишғоли мансаби директори Институти CAREC:

  • номзади пешниҳодшаванда бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
  • бояд аз  синни 45-сола хурд набошад ва дорои таҷрибаи умумии касбии 20-сола дар соҳаи илм, идоракунии тадқиқот ва таҷрибаи хизмати давлатӣ дошта бошад. Довталаб бояд малакаи қавӣ ва собитшудаи роҳбарӣ ва идоракунӣ дошта бошад.
  • Бо дарназардошти бо забони англисӣ будани забони кории Институт, донистани забони англисӣ дар сатҳи олии касбӣ ҳатмӣ мебошад.
  • дорои маълумоти олӣ, афзалият ба довталабоне, ки унвони доктори илмҳо доранд, дода мешавад.

Довталабони муносиб имкон доранд номзадии худро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи ҳол (CV) нусхаи диплом, (унвони докторӣ) ва акс) тавассути почтаи электронии hrdep@mfa.tj то 4 июни соли 2022 пешниҳод намоянд.

            Вазифаи техникӣ

Нигористон

Тақвим