Мулоқоти Сафир бо Вазири захираҳои оби Ҳиндустон

25.05.2022 18:03

24 майи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода бо Вазири захираҳои оби Ҳиндустон Гаҷендра Сингх Шехават баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи об, аз ҷумла мубодилаи таҷрибаю дониш дар татбиқи барномаҳои марбут ба мудирияти об, ҳифзи пиряхҳо ва иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе матраҳ гардиданд.

Зимни вохӯрӣ маълумоти фишурда доир ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (6-9 июни соли 2022, ш. Душанбе) пешкаш гардид.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

Нигористон

Тақвим