25 майи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Тоҷикистон Ибраҳим Эрбирро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши баъдии он табодули афкор намуданд.