Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Риёз

23.05.2022 17:23

21 майи соли 2022 дар Риёз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар доираи сафари ҳайати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон  баргузор гардид. 

Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ ва саудӣ, намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии дахлдори Арабистони Саудӣ, тоҷирону сармоягузорон, инчунин  намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ширкат варзиданд.   

Ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо байни ниҳодҳои расмӣ ва ширкатҳои бахшҳои хусусии дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияткунандаи ду кишвар ва ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим