Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

23.05.2022 16:06

23 майи соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии Созмон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба фаъолияти муштараки давлатҳои «оилаи СҲШ» дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд. Дар ин замина, аҳамияти иқдомоти лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.

Дабири кулли СҲШ аҳамияти таърихии натиҷаҳои саммити СҲШ-ро дар Душанбе, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии созмон бахшида шуда буд, қайд кард.

С.Муҳриддин ба Дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расонидани мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим