Нишасти чоруми тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми Душанбе

21.05.2022 16:51

20 майи соли 2022 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти чоруми тадорукотию ташрифотӣ бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022) баргузор гардид.

Дар нишаст иҷрои татбиқи натиҷаи ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе, ки 18 майи соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳвари мавзӯъҳои муҳокимашударо раванди омодагӣ ба танзими чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об”, боздиди саёҳатӣ барои меҳмонони Конфронс аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар ташкил кард.

Маълумоти торнамои Конфронс пайваста барӯз гардида, барномаи он дар https://dushanbewaterprocess.org/program/ дастрас аст.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим