Мулоқоти Сафир бо Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия

19.05.2022 14:07

18 майи соли 2022 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия Аҳмад Назлан ибни Идрис мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳо мавзӯи баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзияро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкориҳо ба нафъи мутақобила изҳор намуда, аҳамияти талошҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкориҳо дар оянда таъкид доштанд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

19,05,2022,13,59.jpg

 

Нигористон

Тақвим