12 майи соли 2022 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷ. Байрамов баргузор шуд.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ муҳокима карда, роҷеъ ба рӯзномаҳои байанлмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вазирон инчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ карданд.